Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари як мансабдори Панҷакент бо бангдона дастгир шуд


Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Панҷакент Рудакӣ Холов, писари раиси шӯъбаи молияи ҳукумати ноҳияи Панҷакент - Шоҳмурод Холовро бо 200 грамм бангдона боздошт кардаанд.

Аз шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Панҷакент рӯзи 12-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан алайҳи Рудакӣ Холов тибқи бо моддаи 200 қисми 3-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон, қоҷоқи маводи мухаддир, парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Як мақоме аз ҳукумати шаҳри Панҷкент низ гуфт, ки Рудакӣ Холов фарзанди Шоҳмурод Холов раиси шӯъбаи молияи ҳукумати Панҷакент мебошад.
XS
SM
MD
LG