Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нишасте, ки рӯзи душанбеи 11-уми ноябр дар Маскав бо ширкати намояндагони мақомоти Русия ва коршиносон дар бораи муҳоҷирати корӣ сурат гирифт, бархе масъулин хоҳони таъсиси "симкорти муҳоҷират" шудаанд.

Ин симкортҳои махсус барои муайян кардани теъдоди муҳоҷирон ва зери назорат гирифтани онҳо, ки дар куҷо қарор доранд, "мусоидат" мекардааст.

Евгений Тарло, узви кумитаи шӯрои федеролии Русия дар ин нишаст гуфтааст, ки "ин тарҳ хеле оддӣ аст ва маблағи зиёдро ҳам талаб намекунад".

Вай гуфтааст "бояд ба ҳар як муҳоҷири корӣ чунин симкортҳо фароҳам оварда шавад, ки доим бо онҳо бошад. Ҳар як нафаре, ки ба Русия меояд, ҳатман бо худ телефонии мобилӣ дорад. Агар чунин шароит фароҳам оварда шавад, ин ба он маъност, ки ҳар як муҳоҷири кориро метавон муайян кард, ки дар куҷо аст.»

Евгений Тарло ба он бовар аст, ки бо ин роҳ натанҳо шумораи муҳоҷиронро дақиқ метавон донист, балки раванди кор ва ҳуҷҷат доштану надоштани онҳоро ҳам метавон муайян кард.

Вале ин пешниҳод ба онҳое, ки Русияро мехоҳанд аз муҳоҷирони корӣ "пок" кунанд, писанд наомадааст. Аз ҷумла Инна Святенко, роҳбари комиссияи амнияти ҳукумати Маскав ба он бовар аст, ки бо симкортҳо таъмин намудани муҳоҷирон наметавонад ба фоидаи кор бошад. Инна Святенко гуфтааст, дар Русия қувваи корӣ басанда аст ва ҳукумат барои соҳибкороне, ки аз қувваи худӣ истифода мекунанд, имтиёзҳо диҳад.

Аммо аксари таҳлилгарон чунин пешниҳодро қабул надоранд ва бар онанд, ки Русия эҳтиёҷманди қувваи кории муҳоҷирони корӣ боқӣ мемонад.

Тибқи омори хадамоти муҳоҷирати Русия, то охирҳои августи ҳамин сол, дар ҳудуди Русия зиёда 11 миллион муҳоҷири корӣ қарор қоранд, ки аз ҳама бештар аз кишварҳои атрофии Русия, аз ҷумла 2,7 миллион аз Узбакистон, 1,5 миллион аз Украина, наздики 1,2 миллион аз Тоҷикистон ва бештар аз ним миллион аз Қирғизистон кору фаъолият мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG