Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари вакилони мудофеи Тимошенкоро ба додгоҳ мекашанд


Серҳий Власенко

Серҳий Власенко

Серҳий Власенко-вакили аслии мудофеи Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва зиндонии Украина рӯзи душанбе ба додситонии ин кишвар даъват шуд, то ба суолҳо дар бораи эҳтимоли лату кӯби зани пешинааш ҷавоб диҳад. Марҳарита Велкова-сухангӯи додситонии кулли Украина ба радиои Озодӣ гуфт, ба Власенко ба таври расмӣ хабар дода буданд, ки вай “барои лату кӯби зани пешинааш ва хушунат алайҳи вай” гумонбар дониста мешавад.

Дар як сӯҳбати дигар Велкова гуфт, мумкин аст додситонҳо аз додгоҳ бихоҳанд, ки Власенкоро ба зиндон андозанд. Вале Велкова ҳамзамон гуфт, ки додситонҳо мумкин аст бо васиқа вайро дар озодӣ нигоҳ доранд.

Власенко ин иттиҳомотро қабул надорад ва мегӯяд, ин баҳонае мебошад, ки мехоҳанд раҳбари вакилони мудофеи хонум Тимошенкоро ба додгоҳ кашонанд.
XS
SM
MD
LG