Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Афғонистон ба Луя Ҷирга нома фиристоданд


Толибони Афғонистон аз аъзои Луя Ҷиргаи ин кишвар дархост кардаанд, ки дар иҷлоси навбатии худ Мувофиқатномаи амниятии миёни Амрико ва ҳукумати президент Ҳомид Карзайро ба тасвиб нарасонанд. Радиои Озодӣ нусхаи номаи Толибон ба Луя Ҷиргаи Афғонистонро ба дастовардааст ва дар он Толибон хостаанд, ки аъзои Луя Ҷирга дар иҷлосе, ки имувофиқатномаро ба баррасӣ мегирад, ширкат наҷӯянд.

Толибон гуфтаанд, тасвиби мувофиқатномаи амниятӣ хиёнат ба мардуми Афғонистон аст ва ононе, ки ин мувофиқатномаро ба тасвиб мерасонанд, “хоинон”-и ватан хоҳанд буд.

Ин мувофиқатнома ҳузури нируҳои Амрико дар хоки Афғонистонро баъд аз хуруҷ дар соли 2014 низ қонунӣ мекунад. Дар он сурат нируҳое қонунӣ дониста мешаванд, ки баъд аз хуруҷ ҳам дар Афғонистон хоҳанд монд.

Баргузории иҷлоси навбатии Луя ҷирга барои 19-21 ноябр дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG