Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки АвруОсиё дар Маскав конфронси худро баргузор мекунад


Хабаргузории БелТА-и Беларусия навиштааст, ки рӯзҳои 12-13 ноябр дар Маскав конфронси 8 байналмиллалии ҳамгероии АвруОсиёи Бонки Рушди АвруОсиё баргузор хоҳад шуд. Дар он густариши ҳамкориҳо, тавсеаи ҳамгероӣ ва роҳҳои тавсеаи Иттиҳодияи Гумрукӣ баррасӣ мешавад.

Ин конфронсро Кумиссиюни иқтисодии АвруОсиё баргузор мекунад ва дар кори он донишмандони шинохтаи Фарҳангистонҳои улуми Русияву Украина, Беларусияву Қазоқистон, Арманистону Қирғизистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ширкат хоҳанд ҷуст.
XS
SM
MD
LG