Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои як гурӯҳи мусиқии эронитабор дар Нию Йорк якдигарро куштанд


Пулиси Нию Йорк мегӯяд, дар шаҳраки Бруклин рӯзи душанбе як мард ду нафарро парронда, як нафари дигарро маҷрӯҳ кардааст ва сипас худро низ куштааст. Пулис мегӯяд, ба бовари онҳо мардони кушташуда ва қотил эронитабороне будаанд, ки дар Амрико ба сар мебаранд.

Аз ин афрод ном бурда намешавад ва ҳуввияти онҳоро ошкор накардаанд. Дар гузоришҳои матбуотӣ омадааст, ки қурбониён узви як гурӯҳи мусиқӣ бо номи Yellow Dogs ё Сагони Зард будаанд. Ин гурӯҳ соли 2006 дар Эрон ташкил шудааст ва аъзои он солҳои охир ба Амрико кӯч бастаанд.

Бино ба гузоришҳо, қотилро аз ин гурӯҳ хориҷ кардаанд, вале пулис бовар надорад, ки он сабаби куштор бошад. Шахси маҷрӯҳро дар бемористон бистарӣ кардаанд ва вазъаш муътадил аст.
XS
SM
MD
LG