Пайвандҳои дастрасӣ

Либерман дубора ба мақоми вазири хориҷаи Исроил баргашт


Авигдор Либерман

Авигдор Либерман

Авигдор Либерман-раҳбари нирҳои ростгарои Исроил дубора ба мақоми вазири корҳои хориҷаи ин кишвар баргашт. Вайро соли гузашта ба ришвахорӣ муттаҳам карда буданд ва вай аз мақомаш истеъфо дода буд.

Аммо 11 ноябр порламон номзадии вайро ба мақоми вазири корҳои хориҷа бо аксарияти оро таъйид кард. Ҳафтаи гузашта иттиҳомоти ришвахориро аз вай бардоштанд.

Либерман раҳбари ҳизби ростгарои Yisrael Beitenu мебошад. Ин ҳизб бо ҳизби Ликуди Бенямин Нетанҳҳу дар як эътилоф аст. Либерман яке аз мунаққидони музокироти сулҳи Исроил бо Фаластин мебошад, сулҳе, ки дар он Амрико миёнҷигарӣ мекунад. Баъд аз интихоби дубораи вай ба мақмои вазири корҳои хориҷа мумкин аст музокироти сулҳ дубора ба мушкил рӯ ба рӯ шавад.
XS
SM
MD
LG