Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё барои низомиёни афғон Академия бунёд кард


Маросими ифтитоҳи Академияи артиши Афғонистон

Маросими ифтитоҳи Академияи артиши Афғонистон

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон ва Филипп Ҳаммонд, вазири дифои Бритониё, даври нахустини таҳсил дар Академияи тозатаъсиси артиши Афғонистонро ифтитоҳ карданд. Академия бо кӯмаки молияи Бритониё бунёд шудааст. Дар маросиме ба ин муносибат дар Кобул Ҳомид Карзай гуфт, умедвор аст, ки бритониёвиҳо афғонҳоро на камтар аз ҳинду покистониҳо бо илми низомӣ ошно хоҳанд кард :

Филипп Ҳаммонд таъсиси Академияро фасли тозае дар равобити миёни Афғонистон ва Бритониё унвон кард. Ӯ афзуд, ки дар омӯзиши афсарҳои афғон ба ҷуз бритониёвиҳо ҳамчунин устодон аз Австралия, Зеландияи нав ва Норвегия ширкат мекунанд.

Ба даври аввали таҳсил дар Академияи артиши Афғонистон, ки як сол идома хоҳад кард, 270 нафар фаро гирифта шудаанд.
XS
SM
MD
LG