Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Исломобод писари раҳбари шабакаи Ҳаққонӣ кушта шуд


Ҷалолуддин Ҳаққонӣ (аз рост) ва писараш Носириддин

Ҷалолуддин Ҳаққонӣ (аз рост) ва писараш Носириддин

Носириддин Ҳаққонӣ, ки масъули масоили молиявӣ дар шабакаи Ҳаққонӣ буд, рӯзи якшанбе дар Исломобод ҳадафи тири афроди ношинос қарор гирифт.

Хабаргузориҳо аз пойтахти Покистон иттилоъ доданд, ки ҷасади Носирддин, писари муассиси шабака Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, ба шаҳри Мироншоҳ, маркази Вазиристони Шимолӣ интиқол ёфт ва он ҷо ба хок супурда шуд.

Моҳи июни соли 2010 мақомоти ИМА Носириддин Ҳаққонӣ ва ду афғонро ба феҳристи хавфноктарин террористони ҷаҳон шомил кард. Вошингтон шабакаи Ҳаққониро созмони террористӣ мехонад ва онро дар ҳамлаҳо дар Афғонистон муттаҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG