Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амано: МАГАТЭ ва Эрон ҳамкориро идома хоҳанд дод


Раиси Созмони нерӯиҳ астаии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ ва раиси МАГАТЭ Юкио Амано
Раиси Созмони нерӯиҳ астаии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ ва раиси МАГАТЭ Юкио Амано
МАГАТЭ, Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ва Эрон изҳороти муштаракро дар бораи ҳамкории минбаъда ба хотири ҳалли масъалаҳои ҳалношуда имзо карданд.
Ин санад роҳи нозирони ҳастаиро барои тафтиши муассисаи Арак ва кони урани Гачин боз мекунад.

Раиси МАГАТЭ Юкио Амано рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, “чораҳои мушаххас тайи се моҳи оянда, шурӯъ аз имрӯз татбиқ хоҳанд шуд”. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба реактори ҳастаии Арак, ки бояд то охири соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, таваҷҷуҳи хоса дорад.

Дар ҳамин ҳол Ҷон Керрӣ, вазири умури хориюии Амрико, рӯзи душанбе гуфт, умедвор аст тайи моҳҳои наздик созиш дар бораи ҳалли қазияи барномаи ҳастаии Эрон имзо шавад.

Сафари Юкио Амано ба Теҳрон дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран музокироти серӯзаи Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амниятии СММ ба изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар Женева бидуни натиҷа поён ёфт. Қарор аст, ки музокирот рӯзи 20 ноябр идома кунад.

Эрон иттиҳоми кишварҳои ғарбӣ дар мавриди талошҳояш барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG