Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моғиёниҳо: Бо талаби чорвои худ ба марз меравем


Соҳибони гӯсфандҳои деҳаи Моғиёни Панҷекат мегӯянд, ки агар мақомоти Узбакистон 1867 гову гусфанди онҳоро барнагардонанд, онҳо ба нишони эътироз дар назди гузаргоҳи марзии Ҷартеппа дар марзи Панҷакент бо вилояти Самарқанд ҷамъ шуда, талаби чорвои худро мекунанд.

Намозалӣ Қурбоналиев, сарчӯпони деҳаи Моғиён рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар рӯз соҳибони гӯсфандҳо ба назди вай меоянд ва мегӯянд, ки аз дасти мақомот инак 6 моҳ мешавад ҳеҷ чиз наомад ва беҳтар ин аст, ки ҷамъ шаванду аз мақомоти Узбакистон талаби гӯсфанду гови худро кунанд. «Мо ҳамроҳи соҳибони гӯсфандҳо ба назди сардори қисми марзбонии Панҷакент Ҷамшед Мираков рафтем ва ин тасмими худро расонидем. Вай гуфт, ки ин корро накунед, ки мабодо боз дар марз иғвое бархезад», - меафзояд Қурбоналиев.

Ба гуфти Қурбоналиев, «соҳибони гӯсфандҳо сахт ба танг омадаанд, чунки мақомоти Тоҷикистон аз худ кӯшиши ҷиддӣ ба харҷ намедиҳанд ва хомӯшанд.»

Рӯзи 15-уми июни соли равон марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакентро бо рамаи гӯсфандону говҳояшон боздошт карданд. Моҳе баъд чӯпонҳоро озод карданд, аммо то ҳол сарнавишти рамаи гӯсфанду гови онҳо, ки низ ба Узбакистон бурда шуда буд, маълум нест.
XS
SM
MD
LG