Пайвандҳои дастрасӣ

Зариф бузургтарин таҳдиди амниятии ҷаҳонро эълон кард


Муҳаммад Ҷавод Зариф

Муҳаммад Ҷавод Зариф

Низоъ миёни сунниҳову шиаҳо – бузургтарин таҳдиди амниятӣ дар ҷаҳони муосир аст. Ба ин нукта Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, дар сӯҳбат бо Би-Би-Си, таъкид намуд. Ӯ бархе аз кишварҳои асосан суннинишинро дар воҳимаву ҳангоматалабӣ айбдор кард.

Ба гуфтаи Муҳаммад Ҷавод Зариф, моҳҳои ахир дар Сурия, Ироқ ва Покистон бархӯрдҳо ва хушунатҳои мазҳабӣ афзоиш ёфтаанд. Ӯ аз ҳама кишварҳо даъват намуд, ки ихтилофи назари мазҳабиро канор гузоранд ва барои ҳаллу фасли низоъ дар Сурия талош намоянд.

Эрон ҳампаймони раисиҷумҳури Сурия Башор Асад аст, ки ба гурӯҳи алавиҳои мазҳаби шиа тааллуқ дорад, дар ҳамин ҳол кишварҳои суннинишини Халиҷи Форс ва Туркия аз ошӯбгарони суриягӣ, ки асосан суннимазҳабанд, пуштибонӣ мекунанд.

Низоъ миёни сунниҳову шиаҳо баъд аз шурӯи амалиёти низомии ИМА дар Ироқ дар соли 2003 амиқтар шуд.Аз аввалҳои соли равон дар ин кишвар бар асари бархӯрдҳо миёни шиаҳову сунниҳо тақрибан 6500 нафар ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG