Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми муттаҳамон дар таркиши "Домодедово" эълон шуд


Таркиш дар "Домодедово"
Таркиш дар "Домодедово"
Додгоҳи вилояти Маскав рӯзи душанбе ҳукми муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи “Домодедово”-ро эълон кард. Се нафар - Ислом ва Илёс Яндиевҳо ва Башир Ҳамхоев ба ҳабси абад дар зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд. Муттаҳами дигар Аҳмад Евлоев даҳ соли ояндаро дар маҳбаси низомаш умумӣ сипарӣ хоҳад кард. Онҳо бояд ҳамчунин ба осебдидагон аз 50 то 500 ҳазор рублӣ ҷубронпулӣ пардохт намоянд.

Ба гуфтаи додситонӣ, Аҳмад Евлоев, Башир Ҳамхоев ва бародарон Ислом ва Илёс Яндиевҳо ба маргталаб Муҳаммад Евлоев барои аз Ингушистон то Маскав расидан кӯмак карданд ва барои ӯ манзилеро иҷора гирифтанд. Онҳо ҳамчунин ҷойи таркишро интихоб карданд ва ба Евлоев “камарбанди шаҳид”-ро дода, ӯро тавассути таксӣ ба “Домодедово” фиристоданд.

Фақат як тан аз маҳкумшавандагон – Ислом Яндиев изҳор намуд, ки аз кардааш пушаймон аст, дигарон гуноҳро ба гардан нагирифтанд.

24 январи соли 2011 маргталаб худро дар толори фурудгоҳи “Домодедово” мунфаҷир кард, ки дар натиҷа 37 нафар кушта ва 170 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Масъулияти амали террористиро раҳбари гурӯҳи “Аморати Кафқоз” Доку Умаров бар дӯш гирифт. Ӯ мавриди пайгард дар Русия ва ИМА қарор дорад ва ба феҳристи террористони байнулмилалии таҳиякардаи СММ шомил шудааст.
XS
SM
MD
LG