Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артиши Покистон: Раҳбари пешини толибон "шаҳид" нашудааст


Ҳакимуллоҳ Маҳсуд

Ҳакимуллоҳ Маҳсуд

Нерӯҳои мусаллаҳи Покистон изҳороти раҳбари як ҳизби сиёсии кишварро барои он маҳкум карданд, ки фармондеҳи собиқи Таҳрики Толибони Покистонро “шаҳид” номидааст. Намояндаи нерӯҳои пиёдагарди Покистон изҳороти раиси ҳизби “Ҷамоати исломӣ” Саид Мунаввар Ҳасанро, ки дар як мусоҳиба ба телевизиони Покистон фармондеҳи толибон Ҳакимулло Маҳсудро “шаҳид” номида буд, “бемасъулиятона” арзёбӣ кард. Ҳакимулло Маҳсуд ҳафтаи гузашта бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ба ҳалокат расида буд.

Саид Мунаввар Ҳасан дар он сӯҳбат ҳамчунин гуфтааст, сарбозони покистонӣ, ки дар набардҳо бо мусаллаҳони гурӯҳҳои исломӣ кушта шудаанд, низ “шаҳид” нестанд, зеро онҳо ҳампаймони Амрикоянд.

Мусаллаҳони Таҳрики Толибони Покистон ба хотири аз байн бурдани ҳукумати демократии Покистон ва ҷорӣ намудани қавонини шариат ҳазорҳо сокинони осоишта ва кормандони хадамоти амниятиро куштаанд.
XS
SM
MD
LG