Пайвандҳои дастрасӣ

Юкио Амано барои музокирот ба Теҳрон меравад


Раиси МАГАТЭ - Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ Юкио Амано ба хотири баррасии мавзӯи барномаи ҳастаии Эрон дар садри як ҳайат рӯзи душанбе вориди Теҳрон мешавад.

Сафари ӯ ба Теҳрон дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран музокироти серӯзаи Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амниятии СММ ба изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар Женева бидуни натиҷа поён ёфт. Қарор аст, ки музокирот рӯзи 20 ноябр идома кунад. Амано изҳори умедворӣ кард, ки гуфтушуниди ӯ бо мақомоти Эрон натиҷаи мушаххас хоҳад дод ва дар он ба суолҳои то ҳол беҷавоб оқибат посух пайдо меёбанд.

Эрон иттиҳоми кишварҳои ғарбӣ дар мавриди талошҳояш барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG