Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви зиндонии Ҳизб-ут-Таҳрир ҷазои сахттар гирифт


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як узви созмони тундгарои Ҳизб-ут-Таҳрирро барои тарғиби афкори ин ҳизб дар дохили зиндон ба 23 соли зиндон маҳкум карда ва ӯро аз ҳаққи ҳаргуна фаъолияти ҳизбӣ барои 5 сол маҳрум кардааст. Азамат Ваҳобов, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки бо гуноҳи барангехтани адовати милливу мазҳабӣ соли 2010 ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст, ба гуфтаи додгоҳ, дар дохили зиндон ҳам ба ин кори худ идома додааст. Барои такрори ҷиноят додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки зиндони рақами як дар он воқеъ шудааст, Азамат Ваҳобовро аввали ҳамин моҳ ба 23 соли зиндон ва адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш махсус маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG