Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Риёз ду муҳоҷири хориҷӣ кушта шуданд


Дар бархӯрде миёни маъмурони пулис ва муҳоҷирони хориҷӣ дар Арабистони Саудӣ ду нафар кушта шудаанд. Ба навиштаи хабаргузории расмии ин кишвар , муноқиша шоми шанбе дар пойтахт, шаҳри Риёз сар зад ва дар ҷараёни он 68 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузорӣ мегӯяд, маъмурони пулис 560 ошӯбгарро, ки дар маҳаллаи фақирнишини Манфуҳо сангар баста будаанд, дастгир кард. Пулис мегӯяд, ки муҳоҷирони корӣ ба самти мардум санг партоб карда ва бо корд ба онҳо таҳдид мекарданд. Носир ал-Қаҳтонӣ, сухангӯи раёсати пулиси Риёз гуфтааст, инҳо муҳоҷирони корие ҳастанд, ки бояд аз Арабистони Саудӣ ронда шаванд. Мақомоти ин кишвар то аввали моҳи ноябр ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ фурсат доданд, ки мақоми ҳуқуқӣ бигиранд ва дар ду ҳафта пеш ба ихроҷи онҳо шурӯъ карданд.
XS
SM
MD
LG