Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷи Маликаи зебоӣ насиби духтаре аз Венесуэла шуд


Дар озмуни Маликаи зебоӣ, ки имсол дар шаҳри Маскав баргузор шуд, Габриела Ислер аз Венесуэла пирӯз шуд. Доварони озмун, шоми шанбе ин духтари 25-соларо, ки ба ҳайси барандаи телевизиони Венесуэла кор мекунад, сазовори тоҷи Маликаи зебоӣ донистанд. Тайи 6 соли ахир бори саввум аст, ки духтарони Венесуэла дар ин озмуни ҷаҳонӣ пирӯз мешаванд. Дар озмуни мазкур намояндагони 86 кишвар ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG