Пайвандҳои дастрасӣ

Тӯфон дар Филлипин ҳазорон нафарро куштааст


Мақомоти Филлипин мегӯянд, эҳтимолан, бар асари тӯфони вайронгар танҳо дар дар як минтақаи кишвар бештар аз 10 ҳазор нафар ҳам кушта шудаанд. Хабаргузориҳо аз қавли Элмер Сориа, як афсари баландрутбаи пулиси Филиппин навиштаанд, ки ба тахмини мақомот, бар асари обхезӣ ва хароб шудани хонаҳо дар вилояти Лейте шояд на кам аз 10 ҳазор нафар ҷон додаанд. Ҳукумати Филиппин ҳанӯз ин хабарро таъйид накардааст. Дар ҷойи дигар дар ҷазираи Самар дар бедодгариҳои тӯфони Ҳайан, 300 нафар кушта шудаанд ва 2 ҳазор нафари дигар бенишон шудаанд. Тӯфони қавии Ҳайан, ки то кунун мисли он сабт нашудааст, рӯзи ҷумъа бо суръати 275 километр соат ва бо мавҷҳои то 6 метрӣ дар 6 ҷазираи Филлиппин бедодгарӣ кард.
XS
SM
MD
LG