Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастаии Эрон бенатиҷа поён ёфт


Музокироти серӯзаи байналмилалӣ дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон дар шаҳри Женева бе созиш ба поён расид, вале қарор аст, тарафҳо 10 рӯз баъд гуфтугӯро идома диҳанд. Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, рӯзи якшанбе гуфт, созише ҳосил нашуд, чунки баъзе аз масоилро ҳалношуда боқӣ мондааст. Маълум нест, ки кадом масъалаҳо ҳал нашудаанд. Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, музокиротро “бисёр хуб” хонд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ҳам гуфт, ки дар музокирот дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон пешрафт ҳосил шудааст, вале дари дипломатия барои ҳалли ин бӯҳрон ҳамеша боз намемонад. Дар музокироти Эрон бо 6 қудрати ҷаҳонӣ, Бритониёву Чин, Амрикову Русия ва Фаронсаву Олмон роҳҳои рафъи нигарониҳои байналмилалӣ аз барномаҳои атомии Эронро баррасӣ мекунанд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаъоро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG