Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокирот дар бораи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон миёни намояндагони ин кишвар ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Женева аз сар гирифта шуд.

Қарор буд, мақомоти Эрон ва гурӯҳи 5+1, ки Амрикову Русия, Чину Олмон, Фаронсаву Бритониё ба он шомиланд, тайи ду рӯз дар шаҳри Женева дар бораи барномаҳои атомии Эрон гуфтугӯ кунанд, аммо бо ҳосил шудани пешрафтҳое, музокирот як рӯзи дигар тӯл кашид. Аммо Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса рӯзи шанбе ба хабарнигорон гуфт, ҳанӯз “яқин нест”, ки тарафҳо ба созиш бирасанд. Ӯ афзуд, ки Фаронса тарҳи аввалияи созишро қабул надоштааст ва бояд, нигарониҳои Исроилро ба инобат бигиранд.

Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, рӯзи шанбе дар Женева гуфт, ки “дар музокирот пешрафти хубе ҳосил шудааст”, вале “баъзе аз масоили муҳим аст, ки бояд ҳал шавад.” Ӯ афзуд, ки ҳанӯз зуд аст, ки музокирот дар бораи барномаҳои атомии Эрон “муваффақиятомез” номида шавад. Баъди зоҳир шудани нишонаҳо аз пешрафт дар музокирот, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, Вилям Ҳейг, Лаурент Фабиус ва Гуидо Вестервелле вазири умури хориҷи Олмон рӯзи ҷумъа ба ҳайъати музокирот дар Женева пайвастанд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, ки мулоқоти панҷсоатааш бо Ҷон Керрӣ ва Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии Амрико судманд будааст, вале барои расидан ба созиш кори зиёде мондааст. Қарор аст, рӯзи шанбе Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Ванг Йи, ҳамтои чинии ӯ ба музокирот бипайванданд. Бино ба гузоришҳо, ҳамаи 6 қудрати ҷаҳонӣ омодаанд, баъзе аз таҳримот алайҳи Эронро аз байн бардоранд, вале ба ин шарт, ки Эрон ғанисозии ураниуми ғализро мутаввақиф кунад. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Эрон қасд дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаоро рад мекунад. Рӯзи ҷумъа Ҷон Керрӣ гуфт, муҳим аст, то ихтилофот дар ин замина рафъ шавад:

“Мехоҳам таъкид кунам, ки ҳанӯз масъалаҳои бисёр муҳиме ҳаст, ки ҳал нашудаанд. Муҳим аст, ки ба ин масъалаҳо муносиб ва комил расидагӣ шавад. Мехоҳам, таъкид кунам, ки то кунун созише ҳосил нашудааст, вале гурӯҳи 5 бар изофаи як сахт кор мекунад.”

Яке аз ин ихтилофоти назарро, Маҷид Равончӣ, узви ҳайъати Эрон ошкор кард. Ӯ ба хабаргузории Меҳр гуфтааст, ки дар марҳилаи аввал дар сурати ҳосил шудани ҳаргуна созиш, бояд таҳримоти алайҳи арсаи нафту низомии бонкии Эрон аз байн бардошта шавад. Мақомоти Исроил аз ҳосил шудани созиш дар Женева ибрози нигаронӣ кардаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар сӯҳбати телефонӣ бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, саъй кардааст, то нигарониҳои Исроилро рафъ намояд. Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ масъалаи мутаввақиф кардани бахше аз барномаҳои ҳастаӣ ва лағви таҳримот барои 6 моҳро баррасӣ доранд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон ҳосил шудани созиш дар ин замина роҳро барои музокироти тӯлонитар ва тавофуқи фарогир ҳамвор мекунад. Музокирот дар Женева даври дуввуми гуфтугуҳои ҷонибҳост, ки баъди ба қудрат расидани Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон шурӯъ шуд. Баъди пирӯзӣ дар интихобот, ӯ аз моҳи август роҳи беҳтар кардани муносибот бо кишварҳои ғарбӣ ва лағви таҳримот алайҳи Эронро пеш гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG