Пайвандҳои дастрасӣ

Талафот дар артиши Афғонистон афзудааст


Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, талафоти сарбозони афғон дар ҷанг бо Толибон дар тобистони имсол дар муқоиса ба ҳамин мавсими соли гузашта тақрибан 80 дар сад афзоиш ёфтааст. Аммо гуфтааст, Пентагон, артиши миллии Афғонистон тавоноии худ барои ҳифзи пешрафтҳои ба сахтӣ ба дастомада дар 12 соли ҷангро нишон додаанд, бо вуҷуди онки нерӯҳои НАТО аз ҷабҳаҳои аввали ҷанг хориҷ шудаанд. Вазорати дифоъи Амрико ҳамчунин ҳушдор додааст, ки артиши Афғонистон бе кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ ба хатар дучор хоҳад шуд. Қарор аст, нерӯҳои ҷангии кишварҳои НАТО то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк кунанд. Ба гуфтаи вазорати дифоъи Амрико талафот дар миёни нерӯҳои хориҷӣ дар мавсими гармо дар Афғонистон дар муқоиса ба соли гузашта 60 дар сад камтар шудааст.
XS
SM
MD
LG