Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти мухолифони давлати Сурия оғоз мешавад


Мухолифони давлати Сурия рӯзи шанбе дар як ҳамоиш масъалаи ширкат дар музокироти байналмилалии сулҳ дар он кишварро баррасӣ мекунанд. Нишасти дурӯзаи аъзои Эътилофи Миллии Сурия дар шаҳри Истанбул баргузор мешавад. Дар музокироти тарҳрезишуда дар шаҳри Женева, қарор аст, роҳҳои ташкили ҳукумати муваққат дар Сурия ва аз ҳамин роҳ хотима додан ба ҷанги хунини дусолаи дохилӣ баррасӣ шавад. Як рӯз пештар аз ин Роберт Форд, фиристодаи хоси Амрико, бо раҳбарони мухолифони давлат дар Сурия гуфтугӯ дошт ва онҳоро ташвиқ кард, ки дар музокирот ширкат варзанд. Аммо аксари аъзои эътилоф намехоҳанд, дар музокирот бо ҳузури аъзои ҳукумати раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад ширкат кунанд. Дар ҳамоиши мухолифони Сурия тарҳи санаде пешниҳод шудааст, ки дар он гуфта мешавад, “Башор Асад набояд ҳаҷ нақше дар ҳукумати муваққат ва ё баъди он дошта бошад.”
XS
SM
MD
LG