Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Эрон ва гурӯҳи 5+1 идома мекунад


Музокирот дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон дар шаҳри Женева рӯзи шанбе низ идома кард. Дипломатҳои эронӣ ва намояндагони гурӯҳи 5+1, ки дар он Амрикову Русия, Фаронсаву Бритониё ва Олмону Чин шомиланд, се рӯз боз аст, ки роҳҳои коҳиш додани нигарониҳои байналмилалӣ аз барномаҳои ҳастаии Эронро баррасӣ мекунанд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, дар талоше барои ҳосил кардани созиш миёни тарафҳо рӯзи ҷумъа ба ин музокирот пайваст. Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, мулоқоташ бо Ҷон Керрӣ ва Кетрин Эштон, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупоро “судманд” хонд, вале гуфт, барои расидан ба созиш кори зиёде мондааст. Қарор аст, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ҳам ба музокирот бипайвандад. Бино ба гузоришҳо, 6 қудрати ҷаҳонӣ омодаанд, баъзе аз таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Теҳронро сабуктар кунанд, вале ба ин шарт, ки Эрон ғанисозии ураниуми ғализро мутаввақиф кунад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG