Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбози бритониёвӣ дар куштор айбдор шуд


Як сарбози нерӯҳои зудамали бритониёвӣ дар он айбдор шуд, ки афғони маҷрӯҳро кушта ва аз ҳамсилоҳҳояш хостааст то дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.

Мурофиаи ин сарбоз, ки ному насабаш ошкор нашудааст, рӯзи ҷумъа дар додгоҳи низомӣ баргузор шуд. Шоҳидони ҳодиса тайид карданд, ки ин сарбоз моҳи сентябри соли 2011 дар вилояти Ҳилманди Афғонистон ба афғони маҷрӯҳ тир зада ба онҳо гуфтааст, ки "ман фақат созиши Женева оид ба асирони ҳарбиро поймол кардаам". Ин саҳнаро яке аз шоҳидони ҳодиса сабт карда буд.

Қарор аст, ки ҳукми додгоҳи низомӣ рӯзи 6 декабр эълон шавад.
XS
SM
MD
LG