Пайвандҳои дастрасӣ

Сабзаалӣ Назаров, як сокини Душанбе мегӯяд, даромади ҳаррӯзаи ӯ ба шаш қуттие, ки дар хонааш нигоҳ медорад, тақсим мешавад ва ҳар қуттӣ таъиноти хоси худро дорад.

Сабзаалӣ дар як гӯшаи бозори «Саховат» дӯконе дорад ва ҳамзамон дар корхонаи маҳсулоти ширӣ ба ҳайси менеҷер кор мекунад. Вай мегӯяд, «як қуттӣ барои буҷети хонавода аст, қуттии дигар барои харҷи кор, қуттии савум – закот, қутии чаҳорум барои истироҳат ва ҳамин тариқ ҳаррӯз маблағеро, ки ба даст меорам, ба қадри имкон ба ин қуттиҳо меандозам».

Сабзаалӣ се фарзанд дорад ва мегӯяд, даромаде, ки имрӯз дорад, барои дахлу харҷи хонаводааш кофист. Вай мехоҳад барои фарзандонаш дар бонк ҳисоб кушояд ва онҳо баъди 18-солагӣ маблағҳои онро барои таҳсили минбаъдаашон харҷ кунанд.
Худаш орзу дорад ба ҳамаи давлатҳои дунё сафар кунад ва зиндагии хушу хубу ороме дошта бошад.

Аммо орзуву мақсадҳои Сабзаалӣ Назаров фаротар аз ҳудуди хонаводааш аст. Вай нақшаҳои зиёде дорад ва аз ҷумла мехоҳад, дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ 25 санатория барои пиронсолон ва кӯдакони ятим бунёд кунад ва ниёзмандон бе пул дар онҳо бо истироҳату табобат фаро гирифта шаванд. Сабзаалӣ мегӯяд, бо даромаде, ки имрӯз дорад, ба ин нақшаву ниятҳо расиданаш душвор, вале мумкин аст.

Аммо наҳама мардуми тоҷик имконоти Сабзаалиро доранд ва бештари онҳо чунин орзуҳоро ҳатто ба гӯшаи хаёлашон роҳ намедиҳанд. Зиндагиашон ба қавли худи онҳо «аз маош то маош» аст. Замони шӯравӣ ҳама хонаводаҳо пасандоз доштанд ва маводи ғизоиро низ на бо кило, балки бо қуттиву халта мехариданд. Ҳоло на ҳама ба ин қодиранд ва ҳатто наметавонанд барои як ҳафта захираи ғизо дошта бошанд.

Акрамҷон Амирқулов, омӯзгор аст ва мегӯяд, маоше, ки ӯ мегирад, барои таъмини зиндагии хонаводааш кифоя нест. Акрамҷон мегӯяд, се фарзанд дорад, аммо наметавонад ҳар моҳ ниёзи ҳамаи онҳоро бароварда созад: «Як моҳ барои як фарзандам либос мехарам, моҳи дуюм барои фарзанди дигарам. Аввал нархи либосро дар бозор мебинам ва пуламро барои он ҷудо мекунам».

Акрамҷон мегӯяд, ҳар моҳ аз маошаш як қисм барои пардохти пули хона, об, барқ ва дигарҳо сарф мекунад ва боз як ҳиссаашро барои рӯзи мабодо, ба монанди беморӣ, меҳмон ва ғайра нигоҳ медорад.

Ин дар ҳолест, ки як қишри дигари ҷомеа имкони онро ҳам надоранд, ки дахлу харҷашонро аз маош то маош ба роҳ монанд ва то маоши дигар қарздор ҳам мешаванд. Ҳамчунин дар ҷомеа касене ҳам ҳастанд, ки бо вуҷуди дарёфти музди хуб аз бепарвоӣ наметавонанд пасандоз кунанд.

Ба андешаи шоир Хайрандеш сарфакорӣ ҳам илм аст ва ҳам ҳунар ва ҳар кас аз уҳдаи он намебарояд. Хайрандеш аз он изҳори таассуф мекунад, ки худ аз ин ҳунар маҳрум аст ва ин байти устод Лоиқро чун шарҳи ҳоли худ мехонад:

Пул ба дасти ман фузун ё ин ки андак,
Ҳамчу гӯгирд аст андар дасти кӯдак.


Хайрандеш мегӯяд, «ман агар субҳ маош гирам, бовар надорам, ки тобегоҳ аз он чизе боқӣ мемонад. Барои ҳамин хоҳиш мекунам, ки маошамро ба ман бегоҳ диҳанд».

Дар ҳамин ҳол Оҷонсии омор барномаи рушди омори гендериро рӯи даст гирифтааст, ки ба гуфтаи масъулон пажӯҳиши буҷаи хонавода ва пешниҳоди маълумотҳои тоза дар ин мавзӯъ аз бахшҳои умдаи он маҳсуб мешавад.

Ин дар ҳолест, ки маоши ҳадди аққал дар Тоҷикистон 280 сомонист, ки он шояд ба харидани ду халта орд ҳам кофӣ набошад.

Бо вуҷуди ин коршиносон мегӯянд, фарҳанги таҳияи буҷаи хонаводагӣ аз ҷониби мардуми мо фаромӯш шудааст ва ҳатто бархе пули дар муҳоҷират бо азобу машаққат ёфтаи наздиконашонро ҳам ба тӯю маросими серхарҷ сарф мекунанд ва зиндагии ҳам аз нигоҳи моддӣ ва ҳам маънавӣ қашшоқона доранд.

Собир Вазиров, коршиноси масоили иқтисодӣ ба ин назар аст, ки «бояд фарҳанги хоҷагидорӣ эҳё шавад ва хонаводаҳо маблағашонро ба корҳои муҳимтаре чун таҳсили фарзандон ва саломатии аҳли хонавода сарф кунанд».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG