Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди номзадҳои ноком аз номзади ғолиб (2 ВИДЕО)


Баъд аз интихобот бо ду номзад: Саидҷаъфар Исмонов ва Толиббек Бухориев.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Ба дунболи нокомӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, 5 номзади собиқ аз раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон мехоҳанд, муҳимтарин нукоти барномаи пешазинтихоботиашонро ба эътибор гирад ва ба онҳоро ба тарҳҳои давлатӣ ворид созад.

Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист, Толиббек Бухориев аз Ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ, Олим Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист ва Саидҷаъфар Исмонов аз ҳизби демократ, ки дар интихобот ноком шуданд бар инанд, ки барномаҳои пешазинтихоботии онҳо дар асоси таҳлили вазъи имрӯзаи кишвар таҳия гардида, иҷрои он аз ҷониби номзади пирӯз, Эмомалӣ Раҳмон ба беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум кӯмак хоҳад кард.

Исмоил Талбаков.
Исмоил Талбаков.
Муовини раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Исмоил Талбаков, ки 5 дар сади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст, умедвор аст, ки номзади пирӯз барномаи нав ва фаргиреро омода хоҳад кард: «Баъд аз барномаи номзадияш, Эмомалии Раҳмон бояд барномаи ҳукуматиро таҳия кунад. Хоҳиши ман ин аст, ки барномаи моро мавриди омӯзиш қарор диҳад ва ва дар сурати фароҳам шудани имконият онро рӯи кор орад. Интизороти мо дигар чизе ба ҷуз аз сулҳу оромӣ дар кишвар нест. Чун раъйи мардум насиби президент шудааст, мо низ дар атрофи ӯ муттаҳид мешавем.»

Ҷаноби Талбаков, меафзояд аз президенти мунтахаб ягон вазифа ва мансаберо барои худ чашмдор нест ва вакили парлумон будан барояш масъулияти бузург аст.

Аммо Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон бар ин аст, ки ҳар як номзад ба мақоми президентӣ ба хотири ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ вориди корзори интихоботӣ мешавад. Ӯ мегӯяд аз президенти инихобшуда ислоҳоти ҷиддии кадрӣ ва коҳиши мизони бекорӣ дар кишвар ва бунёди нерӯгоҳи Роғунро интизор аст. Ҳамзамон ҷаноби Ғаффоров, ба мулоқоти рӯ ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон
Абдуҳалим Ғаффоров.
Абдуҳалим Ғаффоров.
о 5 номзад умед мебандад. Номзади пешин ва раҳбари Ҳизби сотсалист рад намекунад, ки агар президент барояш мансабе пешниҳод кунад, хоҳад пазируфт: «Ҳадаф аз муборизаи мо ба даст овардани мақоми президентӣ буд на ишғоли кадом як вазифа, вале агар президент ба ягон мансаб таъин кунад, чаро кор накунам? Ман ҳам яке аз фарзандони ин миллат ҳастам ва ҳуқуқи комили онро дорам, ки ба ҳар вазифае, ки ҳукумати Тоҷикистон таъин мекунад, сарбаландона иҷро кунаму масъулияту қарзи шаҳврандии худро дар назди мардум ва давлат иҷро намоям.»

Номзади дигари собиқ, ки бори аввал таъми ширкат дар интихоботи президенти чашидааст, Толиббек Бухориев аст. Ӯ мегӯяд, интизор дорад, ки агар раиси ҷумҳур, ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ки меҳвари барномаи пешазинтихоботиии Бухориев буд, таваҷҷуҳ кунад, ин амр омили рушди иқтисод дар кишвар мегардад, «мо умеди хеле калон дорем, ки дар оянда иқтисодиёти мо хубтар мешавад, сатҳи зиндагии мардум, ки дар барномаи президенти ҷумҳури хеле мавқеи хоса дорад ба як сатҳи баланд мерасад. Ва мо бовари комил дорем, ки он масъалаҳои ҳалталаби рӯзе, ки дар барномаи дигар номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ҳастанд мавқеи худро дар барномаи президенти кишвар меёбанд. Мо бештар ба бахши аграрӣ таваҷҷуҳ доштем ва чун кишвари мо аграрист ва итиминон дорам, ки ҳамин сохтор дар сиёсати давлат мавқеи махсусро хоҳад гирифт.»

Номзади дигар, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Саидҷаъфар Исмонов, мегӯяд, барои дар ҷараёни иҷрои барномаҳо ва пешбурди ғояҳои ҳизбӣ намояндагони аҳзоби сиёсӣ бояд то мақомҳои болоӣ ворид бошанд. Аз ин хотир ҷаноби Исмонов рад шудани чунин пешниҳодро аз сӯи ин ё он ҳизби сиёсӣ иштибоҳ медонад. Гузашта аз ин Исмонов бо ишора ба барномаи пешазинтихоботияш гуфт, агар онҳо дар ин
Саидҷаъфар Исмонов.
Саидҷаъфар Исмонов.
орзор пирӯз мешуданд, намояндагони тамоми аҳзоби сиёсиро ба сохтори давлатдорӣ шомил мекарданд: «Мо ин корро ба хотири нишон додани нуфузу нерӯи ҳар ҳизби сиёсӣ дар рушди демократия анҷом медодем. Ва медидем, ки ин аҳзоб ба ҷуз аз гуфтани камбудӣ ва машварат додану пешниҳод кардан ба чӣ қодиранд. Фикр мекунам, яке аз сабабҳои чандон нуфуз надоштани бархе аз аҳзоб дар байни мардум низ ҳамин аст, ки мо имкони нишон додани кори худро ба мардум надорем. Аммо боз ҳам раҳбари давлат худаш муайян мекунад, ки барои сиёсат ва доираи ӯ барои пешрафти ҷомеа кӣ лозим аст. Хуб ба ҳар ҳол мебинем дар оянда чӣ мешавад.»

Ин ҳам дар ҳолечт, ки ҷаноби Исмонов мегӯяд, то кунун дар соҳаҳои мухталиф фаъолият кардаст ва дар бахшҳои сиёсату иқтисод ва саноат таҷрибаи кофӣ дорад.

Талоши мо барои шунидани андеша ва интизориҳои номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев бесамар монд, зеро ёваронаш гуфтанд, ки вай дар сафари хидматист. Дар зимн, ҷаноби Бобоев пас аз ширкаташ дар интихоботи президентии соли 2006 вазири нақлиёт ва коммункатсия таъин шуду буд.

Шумо аз натиҷаи интихобот розӣ ҳастед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00
XS
SM
MD
LG