Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноии раҳбари посбонҳои бозори Бирюлево


Додгоҳи шаҳри Маскав Виктор Котелевский, роҳбари ожонсии посбонӣ, ки бозори сабзавотфурӯшии Бирюлеворо назорат мекард, бо ҷурми ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ маҳкум кард.

Қаблан додгоҳи ноҳияи Пресенскии Маскав Виктор Котелевский ва Магомед Чурилов, кормандони ширкати "Новые Черемушки"-ро то 15-уми декабр боздошт кард. Вале рӯзи чоршанбе додгоҳи Маскав Магомед Чуриловро ҳам аз рӯи қонун ҳабс намуд.

13-уми октябр дар ноҳияи Бирюлови Маскав бетартибиҳои оммавӣ рух дод, ки мардуми ба шур омада хостори дастгир шудани қотили Егора Шербакова, сокини ин ноҳия шуда буданд. Онҳо то ба маркази савдо ворид шуда дар бозори сабзавотфурӯшӣ бетартибиҳои зиёд карданд. 15-уми октябр гумонбар ба қатли Егора Шербаков, дастгир шуд, ки Орхан Зейналов, шаҳрванди Озарбойҷон будааст. Сокинони Бирюлево ба мақомоти маҳаллӣ аз он шикоят кардаанд, ки дар бозори сабзавотфурӯшии ин ноҳия муҳоҷирони ғайриқонунӣ кор мекунанд. Дар пайи ин бетартибиҳо нисбати роҳбари кули ширкати «Новые Черемушки» Алиасҳаба Гаджиева ва Магомеда Чурилов, як корманди ин ширкат бо ҷурми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Ҳоло сухан дар бора ду шаҳрванди Узбакситон ва як шаҳрванди Малдова меравад, ки ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ маош медодаанду онҳоро бо ҷои кор таъмин мекарданд», гуфтааст намояндаи расмии мақомоти маҳаллӣ Владимир Маркин.
XS
SM
MD
LG