Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба Алиев ва Саркисён барои Қарабоғ нома фиристод


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз тасмими Илҳом Алиев ва Серж Саркисён-руасои ҷамоҳири Озарбойҷону Арманистон дар бораи баррасии масъалаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ истиқбол кард. Қарор аст онҳо дар поёни моҳи ноябр дар мулоқоте ин масъаларо ба баррасӣ бигиранд. Обама ин суханонро дарт номае ба Илҳом Алиев изҳор доштааст. Дар ин бора матбуоти Озарбойҷон рӯзи ҷумъа гузориш ба нашр расонд.

Обама ҳамчунин мухтасар ба Алиев барои оғози даври севвуми раёсати ҷумҳуриаш табрик кардааст. Вай барои густариши ҳамкориҳои миёни Вашингтону Боку изҳори омодагӣ кардааст. Вай дар номаи худ гуфтааст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар замоне ба нуқтаи авҷи худ хоҳад расид, ки агар дар Озарбойҷон ислоҳоти демократӣ “барои эҳтиром ба озодиҳои ҳамагонӣ, барои ташкили созмонҳо ва барои озодии баён, гуногунандешии сисёсӣ, додгоҳи мустақил ва таҳкими низоми интихоботӣ” анҷом бигирад.
XS
SM
MD
LG