Пайвандҳои дастрасӣ

Бразилия ва Олмон хостори қатъи ҷосусии электронӣ шуданд


Бразилия ва Олмон даъват карданд, ки ба ҷосусиҳои беш аз андозаи электронӣ хотима дода шавад. Рӯзи панҷшанбе ин ду кишвар дар Маҷмаи Умумии СММ пешнависи қатъномаеро пешниҳод карданд. Онҳо аз нақзи ҳуқуқи башар ва бадрафторие, ки аз гӯш додани ҳар гуна гуфтугӯҳо бармеояд, амиқан изҳори нигаронӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки Эдвард Сновден-корманди пешини қарордодии Ожонси амнияти миллии Амрико баъзе маълумотро дар бораи амалиёти ҷосусии гӯш додани телефонҳо дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла гӯш додани гуфтугӯҳои телефонии раҳбарон, аз қабили Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва Дилма Русссефф-раиси ҷумҳури Бразилия ифшо кард.

Дар пешнависи қатънома аз ҳар кишвар дархост шудааст, ки ҳуқуқи шахсии ҳар фард тибъқи мавозини байналмиллалӣ риоят шавад.
XS
SM
MD
LG