Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи дуввум ва ниҳоии музокироти ҳастаии Эрон дар Женев


Музокироти Женев

Музокироти Женев

Музокирот барои рафъи нигарониҳои байналмиллалӣ аз барномаҳои ҳастаии Эрон рӯзи ҷумъа дар Женев ба поён мерасад. Ин музокирот рӯзи панҷшанбе оғоз ёфта буд. Дар ин музокирот, ки бо номи 5 бар иловаи як ном дорад, Амрикову Фаронса, Русияву Британия ва Чину Олмон ширкат доранд. Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи ин кишвар, ки машғули боздид аз Ховари Миёна аст, рӯзи ҷумъа ба ҳайатҳои музокира ҳамроҳ мешавад.

Рӯзи панҷшанбе Кохи Сафед гуфт, ки шаш қудрати ҷаҳонӣ омодаанд таҳримҳоро сабуктар кунанд, агар Теҳрон барои нигоҳ доштани барномаҳои ҳастаии худ қадамҳои мушаххас бардорад.

Дар мусоҳибае бо телевизиони CNN Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон изҳор дошт, ки Эрон омода аст барномаҳои ғанисозии урани худро қисман боздорад. Ҷавод Зариф гуфт, вай умед дорад, ки ин тавофуқот то поёни рӯзи дуввум ва ниҳоии музокироти Женев ба даст хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG