Пайвандҳои дастрасӣ

Пули назди бинои Шарқи озод аз таъмир баромад


Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки бинобар ба анҷом расидани таъмири пули болои дарёи «Душанбе» дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ, воқеъ дар назди бинои Шарқи озод, ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ, аз 8-уми ноябр дубора шуруъ шуд. Таъмири ин пул чанд моҳ давом дошт ва ҳаракати нақлиёт дар ин қисмати шаҳр ба мушкил рӯ ба рӯ шуда буд.
XS
SM
MD
LG