Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон раҳбари нави худро интихоб карданд


Меҳсуд-раҳбари пешини Толибони Покистон
Меҳсуд-раҳбари пешини Толибони Покистон
Таҳрики Толибони Покистон, ки бо номи Толибони Покистон машҳур аст, мулло Фазлуллоҳро раҳбари нави худ интихоб кард. Вай ба ҷои Ҳакиммуллоҳ Меҳсуд ба ин мақом баргузида шуд. Ҳафтаи гузашта Меҳсуд дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико ба қатл расид. Яке аз фармондеҳони Толибони Покистон бо номи Ҷаъфар Хуросонӣ дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ таъйид кард, ки Фазлуллоҳ фармондеҳи нав интихоб шудааст.

Фазлуллоҳ раҳбари Толибон дар водии Свот аст ва шахсест, ки моҳи октябри соли 2012 барои куштори Малола фармон додааст. Ҳоло Малолаи 16 сола яке аз фаъолони омӯзишу парвариш ба шумор меравад.

Водии Своти Покистон солҳои 2007-2009 дар контроли гурӯҳи Фазлуллоҳ буд.
XS
SM
MD
LG