Пайвандҳои дастрасӣ

Тавлидоти зиёд ва талаботи кам ба ангишт


Корхонаҳои истеҳсоли ангишти Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба корхонаҳову вазоратхонаҳо 378 ҳазор тонна ангишт фурӯхтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 475 тонна камтар будааст. Дафтари матбуоти вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон рӯзи 7-уми ноябр гуфт, дар 10 моҳи соли равон 432,3 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки ин аз нақша 218 ҳазор тонна, яъне 2 маротиба, ва нисбат ба як соли пеш 60 800 тонна бештар аст. Вазорати энергетика меафзояд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 162 корхонаи саноатӣ бо ангишт кор мекунанд. Дар миёни корхонаҳои азими кишвар аз ҷумла ба корхонаи «Талко» 71 492,7 тонна ангишт кашонда шудааст. “Тоҷиксемент” бошад 10 916,7 тонна ва Маркази барқу гармидиҳии пойтахт 29 954,080 тонна ангишт харидорӣ кардаанд. Вазорати маориф мегӯяд, дар соли равон ҳудуди 35 063 тонна ангишт барои гарм кардани синфхонаҳо дар фасли зимистон захира кардааст. Мактабҳои Тоҷикистон солона ба беш аз 33 ҳазор тонна ангишт ниёз доштаанд. Соҳаи тандурустии кишвар барои зимистон 6 126 тонна ва сохторҳои қудратӣ 3 785 тонна ангишт захира кардаанд. Дар маҷмӯъ, муассисаҳои буҷавии Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи ахир захираи ангишти худро пурра такмил кардаанд.
XS
SM
MD
LG