Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Равшан” бар ССКА «Помир» бо ҳисоби 3-1


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар тими ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3-1 ғалаба кард.

Ин бозии мавқуфгузоштаи даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 7-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Голҳои «Равшан»-ро Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 40-ум аз пеналтӣ, Соломон Течи (дақиқаи 49-ум) ва Ҳикматулло Расулов (дақиқаи 61-ум) ба ҳадаф расонданд. Як голи ССКА «Помир»-ро Рустам Толибов дар дақиқаи 72-юм зад.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқот “Равшан” бо 41 имтиёз дар ҷойи аввал ва “Истиқлол”-и Душанбе бо 37 имтиёз дар ҷойи дувум қарор доранд. Вале футболбозони Кӯлоб як бозӣ камтар кардаанд. Ба “Равшан” барои бори дувум ба даст овардани унвони қаҳрамони Тоҷикистон дар 3 бозии боқимонда 2 имтиёз гирифтан кофист.

Барои медалҳои биринҷӣ “Хайр”-и Ваҳдат ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода талош доранд. «Хайр» бо 32 имтиёз дар ҷои севум ва «Регар-ТадАЗ» бо 26 имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд. Футболбозони Турсунзода як бозӣ камтар кардаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Равшан» 15 13 2 0 25-5 41
2. «Истиқлол» 16 12 1 3 43-8 37
3. «Хайр» 16 9 5 2 26-14 32
4. «Регар-ТадАЗ» 15 8 2 5 21-17 26
5. «Хуҷанд» 15 4 5 6 14-18 17
6. «Энергетик» 15 4 4 7 13-19 16
7. «Парвоз» 15 3 6 6 11-26 15
8. «Вахш» 15 3 3 9 9-16 12
9. ССКА «Помир» 15 2 4 9 10-21 10
10. «Истаравшан» 14 1 2 11 9-35 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб, Ҳасан Рустамов (“Равшан”) – 7 тӯб, Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 6-тӯбӣ, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5 тӯб.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқоти лигаи олӣ

Даври 20-ум
8-уми ноябр (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ИСТАРАВШАН» - «ПАРВОЗ». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«ВАХШ» - «ЭНЕРГЕТИК». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

10-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ХУҶАНД» - ССКА «ПОМИР». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«РАВШАН» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 21-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ЭНЕРГЕТИК» - «РАВШАН». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
«ХАЙР» - «ВАХШ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«ПАРВОЗ» - «ХУҶАНД». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ИСТАРАВШАН». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

Бозии мавқуфгузоштаи даври 15-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00

ССКА «ПОМИР» - «ИСТИҚЛОЛ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Даври 22-юм
17-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ИСТАРАВШАН» - «ЭНЕРГЕТИК». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«РАВШАН» - «ХАЙР». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
ССКА «ПОМИР» - «ПАРВОЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
«ХУҶАНД» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«ВАХШ» - «ИСТИҚЛОЛ». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
XS
SM
MD
LG