Пайвандҳои дастрасӣ

СОФ ба куштори Арафот расидагии байналмиллалӣ мехоҳад


Ёсир Арафот бо хонумаш

Ёсир Арафот бо хонумаш

Як мақоми баландпояи Созмони Озодихоҳи Фаластин хост, ки ба гуфтаи худаш “ба куштор”-и Ёсир Арафот-раҳбари Фаластин расидагии байналмиллалӣ сурат бигирад. Тавзеҳоти Восил Абуюсуф тавассути хабаргузории Франс Пресси Фаронса баъд аз як рӯзи изҳороти хонуми Ёсир Арафот садо дод. Хонуми Арафот гуфт, ки коршиносони Шветсия ошкор кардаанд, ки Ёсир Арафот аз заҳри полониум ҷон додааст.

Хонуми Арафот иддао мекунад, ки гузориши коршиносонро дарёфт кардааст ва марги шавҳари вай “суиқасди сиёсӣ” будааст. Интизор меравад, ки коршиносони Шветсия дар поёни рӯзи чаҳоршанбе натиҷаҳои таҳқиқи худро эълон кунанд. Онҳо барои тафтиш аз ҷасади Ёсир Арафот намунаҳо гирифта буданд.
XS
SM
MD
LG