Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Женев даври нави музокироти ҳастаӣ бо Эрон шуруъ шуд


Ҷавод Зариф
Ҷавод Зариф
Дар Женева даври нави музокирот барои рафъи нигарониҳои байналмиллалӣ аз барномаҳои ҳастаии Эрон оғоз ёфт. Ин музокирот, ки дар он мақомоти расмии Эрон ва намояндагони шаш кишвари абарқудрати ҷаҳон, яъне Амрикову Русия, Фаронсаву Британия ва Олмону Чин ду рӯз бо ҳам музокира хоҳанд кард.

Дар остонаи ин музокирот Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон гуфт, мумкин аст дар ҳамин музокирот дурнамои хотима гузоштан ба мухолифати даҳсолаи ҳастаии миёни Теҳрон ва шаш кишвари муҳими ҷаҳон боз шавад. Ба гуфтаи вай, бояд барои чунин кор ширкаткунандагон талоши ҳадди аксар нишон диҳанд.
XS
SM
MD
LG