Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гулнора мегӯяд, ширкаташро барои ришваситонӣ тафтиш мекунанд


Гулнора Каримова

Гулнора Каримова

Гулнора Каримова-духтари калонии раиси ҷумҳури Узбакистон мегӯяд, ки ширкати матбуотии вай бо номи Terra Group барои ришваситонӣ мавриди бозҷӯӣ қарор дорад. Рӯзи чаҳоршанбе Каримова дар Twitter-и худ навишт, додситонӣ бисёре аз овозхонони машҳурро маҷбур кардааст, то бигӯянд, ки ба кормандони Terra Group ришва додаанд.

Дар давоми чанд рӯзи ахир пахши баномаҳои шабакаҳои матбуотии Каримоваро мамнуъ ва ҳисобҳои бонкии Terra Group-ро боздоштанд. Каримова ҳамчунин гузоришҳоро дар бораи бедарак шудани ҳамкори наздикаш Нурмуҳаммад Содиқов инкор кард ва гуфт, ки вай дар хонааш мебошад.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ Каримова навишт, ки кормандони пешини амниятии вайро мақомоти амниятӣ боздошт кардаанд. Дар Узбакистон ин сару садоҳо дар гардиш буд, ки Гулнора мехоҳад баъд аз падараш ба курсии раёсати ҷумҳурӣ биншинад.
XS
SM
MD
LG