Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як шабонарӯзи интихобот 1 ҷиноят ошкор шудааст


Дар як шабонарӯзи гузашта, ки баргузории интихобот буд, дар кишвар ҳамагӣ як ҷиноят ва 4 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Ҷинояти мазкур марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мебошад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфти масъулони мақомоти қудратӣ дар рӯзҳои маъмулӣ дар ҷумҳурӣ аз 35 то 40 ҷиноят рух медодааст. Аз дафтари матуботи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 7-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дар рӯзи интихобот беш аз 12,5 ҳазор нафар дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар шуда буданд. Масъулони вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ки дар рӯзи баргузории чорабинии мазкур, дигар ҷиноятҳо дар самти вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст.
XS
SM
MD
LG