Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар зидди Саакашвилӣ парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд?


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ
Раиси порламони Гурҷистон гуфт, ки дар кишвари вай парвандаҳои дорои ангезаи сисёсӣ боз нахоҳад шуд. Давид Усупашвилӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Вилнюс баъд аз музокира бо Лорета Граузиниене-раиси порламони Литва гуфт, бар зидди Михаил Саакашвилӣ ва ё каси дигар парвандаи сисёсӣ боз нахоҳад шуд.

Моҳи гузашта Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазири Гурҷистон ба таври ошкоро гуфт, ки баъд аз тарки мақом дар моҳи ҷорӣ Саакашвилӣ ба додгоҳ кашонда мешавад.
Карл Билдт-вазири хориҷаи Шветсия ҳафтаи ҷорӣ дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ бар зидди имкони боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Саакашвилӣ ҳушдор дод.

Рӯзи якшанбе Саакашвилӣ Бачо Ахалая-вазири пешини дифоъро, ки барои 4 сол маҳкум ба зиндон шуда буд, афв кард. Вай барои саркӯб кардани тазоҳуроти эътирозии соли 2006 ва истифодаи ниру бар зидди эътирозгарон зиндонӣ шуда буд. Вай то ҳол дар зиндон боқӣ мондааст, зеро вай то ҳол барои суистифода аз ниру муттаҳам дониста мешавад.

Шуморе аз ҳамкорони Саакашвилӣ мунтазири мурофиаи додгоҳӣ мебошанд. Парвандаи онҳоро сисёсӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG