Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Украина муолиҷаи зиндониён дар хориҷро баррасӣ мекунад


Юлия Тимошенко

Юлия Тимошенко

Порламони Украина пешнависи қонунҳоеро баррасӣ мекунад, ки тибқи он зиндониёни бемор метавонанд дар хориҷ аз кишвар муолиҷа гиранд. Чаҳор пешнавис ба баррасӣ пешниҳод шудааст ва агар порламон онҳоро ба тасвиб расонад, дар он сурат Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва зиндонии Украина метавонад дарди тахтапушти худро дар Олмон муолиҷа кунад.

Тимошенко соли 2011 барои 7 сол маҳкум ба зиндон шуд. Вайро барои суистифода аз мақом муттаҳам медонанд, вале бисёриҳо мегӯянд, ки иттиҳомоти вай ангезаи сисёсӣ дорад.

Мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел мегӯянд, ки барои ҳалли парвандаи Тимошенко вақт кам мондааст, зеро Украина мехоҳад дар бораи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупо 28-29 ноябр дар Вилнюс дар мулоқоти раҳбарон қарордод имзо кунад.
XS
SM
MD
LG