Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати ду варзишгари тоҷик дар пойгаи давандаҳо дар Чин


Акс аз марафони миллии Тоҷикистон(соли 2009)

Акс аз марафони миллии Тоҷикистон(соли 2009)

Аз 8-ум то 10-уми ноябр дар Чин ултрамарафон ё пойгаи тӯлонӣ ба масофаи 100 километр баргузор мешавад, ки дар он ду даванда аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Пойга дар шаҳрҳои Кайлӣ, Лейшан ва Женян се рӯз идома меёбад. Рӯзи аввал пойга ба масофаи 42 км 195 м, рӯзи дувум ба масофаи 38,1 км ва рӯзи севум ба масофаи 22 км баргузор мешавад. Дар пойга мардону занон бе маҳдудияти синну сол метавонанд дар ҳамаи се рӯзи пойга ва ё дар як, ду ё се даври он иштирок кунанд.

Ҳар рӯз 8 нафар беҳтаринҳо бо ҷоизапулӣ сарфароз мешаванд. Аз рӯи натоиҷи се рӯзи пойга ба 8 нафар ҷоизапулӣ супурда хоҳад шуд:

ҷойи 1-ум - 20000 доллар
ҷойи 2-юм - 10000 доллар
ҷойи 3-юм - 6000 доллар
ҷойи 4-ум - 5000 доллар
ҷойи 5-ум - 4000 доллар
ҷойи 6-ум - 3000 доллар
ҷойи 7-ум - 2000 доллар
ҷойи 8-ум - 1000 доллар.

Дар ин пойгаи тӯлонии марафонӣ ширкати беш аз 10000 давандаҳо аз кишварҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё дар назар аст. Ба иттилоmи Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, дар ин ултрамарафон варзишгарони кишвар Ҳасан Ғаффоров ва Сергей Забавский бо раҳбарии мураббӣ Ғайрат Неъматов барои бори аввал ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG