Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодӣ Рӯҳониро интиқод кард


Ширин Ибодӣ, ҳомии ҳуқуқ ва барандаи сулҳи Нобел аз Эрон, Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури ин кишварро барои нақзи ҳуқуқи инсон интиқод кардааст. Хонум Ибодӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ассосиейтед Пресс, афзоиши иҷрои ҳукми қатл дар аҳди Ҳасан Рӯҳониро зикр карда ва гуфтааст, ки ҳукумат дар бораи раҳоии зиндониёни сиёсӣ дурӯғ мегӯяд. Ӯ ҳамчунин ба гуруснашинии Абдулфаттоҳ Султонӣ, як ҳуқуқдон ва ҳомии ҳуқуқ ва се тани дигар дар зиндони Теҳрон ишора кардааст, ки аз хадамоти номуносиби тиббӣ эътироз доранд ва рӯзи душанбе 80 зиндонии дигар дар маҳбаси дигаре дар Теҳрон ба онҳо пайвастанд. Ширин Ибодӣ гуфтааст, ҳарчанд Ҳасан Рӯҳонӣ як раиси ҷумҳури ислоҳталаб дониста мешавад, аммо то кунун дар робита ба ҳуқуқи инсон "паёмҳои манфӣ" додааст. Ширин Ибодӣ соли 2003 барои талошҳояш ҷиҳати рушди демократия дар Эрон, сазовори Ҷоизаи Сулҳи Нобел шуд.
XS
SM
MD
LG