Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси интихоботи Косово дар мулоқоти сеҷониба


Ивиса Дасич, нахуствазири Сербия ва Ҳошим Тачи, ҳамтои ӯ аз Косово рӯзи чаҳоршанбе бо Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар Косоворо баррасӣ карданд. Дар ин мулоқот дар шаҳри Брюссел ҳарсе хушунат дар рӯзи интихобот дар шаҳри сербнишини Митровитса дар Косоворо маҳкум намуданд. Рӯзи якшанбе ҳангоми раъйдиҳӣ дар ин шаҳр гурӯҳе аз афроди ниқобпӯш се қитъаи раъйдиҳиро хароб карданд. Ҳошим Тачи, нахуствазири Косово, гуфтааст, ки интихоботи такрорӣ дар ин ҳавза бояд рӯзи якуми декабр, ҳамроҳ бо даври дуввуми интихобот сурат бигирад. Ҳарчанд Косово худро кишвари мустақил эълон кардааст, аммо теъдоде аз сербҳои тундрави сокини он, намехоҳанд, ба ҳукумати умдатан албанитабори Косово итоат кунанд.
XS
SM
MD
LG