Пайвандҳои дастрасӣ

Бах таҳрими бозиҳои олимпиро кори нодуруст хонд


Томас Бах, раиси Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ, даъватҳо барои таҳрими бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочиро кори нодуруст хондааст. Баъзе аз гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи ҳамҷинсгароён хостаанд, ки ба нишони эътироз аз қонуни Русия бар зидди ин ақаллиятҳои ҷинсӣ, бозиҳои олимпӣ дар Русия таҳрим карда шавад. Томас Бах, рӯзи чаҳоршанбе зимни суханронӣ дар як нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милал гуфт, “таҳримот дар асл мухолифи рӯҳи варзиш аст ва онро аз абзорҳои кор барои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва якдилӣ маҳрум мекунад.” Томас Бах дар як нишасти Маҷмаъи Умумии Созмони Милал сӯҳбат мекард. Русия чанде пеш бо тасвиби қонуне тарғиби ҳамҷинсгароиро мамнӯъ эълон кард ва барои ҳамин фаъолони гурӯҳҳои ҳамҷинсгаро хостаанд, ки бозиҳои олимпӣ таҳрим карда шавад.
XS
SM
MD
LG