Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамсараш мегӯяд, Ёсир Арафотро куштаанд


Ҳамсари Ёсир Арафот, раҳбари пешини фаластиниён,рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ташхиси мутассисони Швейтсария ошкор кардааст, ки иллати марги шавҳараш заҳролуд шудан аз маводи радиоактиви полониум будааст. Суҳо Арафот марги Ёсир Арафотро “сӯиқасди сиёсӣ” хонд. Гурӯҳи мутахассисони Швейтсария, соли гузашта, гӯри Арафотро боз карда ва аз ҷасади ӯ намуна бардоштанд. Ба қавли Суҳо Арафот, бар асоси натиҷаҳои ташхис, ки рӯзи сешанбе ба даст овард, “собит шудааст, ки Ёсир Арафотро” куштаанд. Ӯ касеро ба қатли Арафот муттаҳам накард ва гуфт, ки шавҳараш душманони зиёд доштааст. Мақомоти Фаронса ҳам соли 2012 парвандае дар робита ба марги раҳбари собиқи Созмони Озодибахши Фаластин боз кардаанд, ки ӯ баъди бемории тӯлонӣ соли 2004 дар синни 75 солагӣ даргузашт.
XS
SM
MD
LG