Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсараш мегӯяд, Ёсир Арафотро бо полониум куштаанд


Суҳо Арафот, ҳамсари Ёсир Арафот, раҳбари пешини Созмони озодибахши Фаластин ба расонаҳо гуфтааст, ки озмоишҳо нишон додаанд, ки шавҳараш бо модаи радиоактиви полониум заҳролуд шудааст.

Ёсир Арафот моҳи ноябри соли 2004-ум дар яке аз шифохонаҳои Фаронса ба ҳалокат расид. Он замон гуфта буданд, ки сабаби марги ӯ сактаи мағзӣ аст. Аммо дар бораи беморие, ки ҳафтаҳои ахири ҳаёташ Арафотро азият медод, ҳеҷ гоҳ иттилои дақиқ нашр нашуда буд.

Суҳо Арафот, ҳамсари Ёсир Арафто ҳамеша мегуфт, ки шавҳари ӯро заҳролуд карданд ва як тими табибон дар Шветсария вазифадор шуда буд то дар ин бора таҳқиқ кунад. Ҳамсари Арафот акнун мегӯяд, ки натиҷаи ин таҳқиқот нишон додааст, ки ӯ бо полониум заҳролуд шуда буд.

Дар ҳамин ҳол шабакаи хабарии Ал-ҷазира менависад, ки гузориши пизишкони шведсариягиро дарёфт карда ва дар он гуфта шудааст, ки раҳбари пешини фаластиниён аз радиоактиви полониум заҳролуд шудааст. Бар пояи ин гузориши пизишки қонунӣ, миқдоре аз ин мода ёфт шуда, ки метавонад фарзияи заҳролуд шудани Ёсири Арафотро тақвият бахшад.

Тасмими муоинаи ҷасади Арафот баъди он гирифта шуд, ки як лабораторияи шведсарӣ дар либоси Арафот нишонаҳои шуои радиоактивӣ пайдо намуда, сару садо дар бораи заҳролудшавии Арафотро афзоиш дод. Ҳанӯз моҳи августи соли 2012 мақомоти Фаронса тафтиши хабари мутахассисони шведсарӣ оиди дар либосҳои Арафот ошкор шудани нишонаҳои заҳри полонийро шурӯъ карданд.

Ёсир Арафоти 75-сола соли 2004 дар як шифохонаи Фаронса даргузашт ва табибон гуфтаанд, ки касолати хун сабаби хунрезии мағзӣ ва марги Ёсир Арафот шудааст. Аммо ба эътиқоди аксари фаластиниён марги Ёсир Арафот кори дасти Исроил аст, ки ӯро як монеае дар роҳи сулҳ медонист. Ёсир Арафот, ки 35 сол раҳбари Созмони Озодибахши Фаластин буд, соли 1996 нахустин раиси ҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG