Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР аз интихобот розӣ аст ва мегӯяд, шикояте нашудааст


Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.
Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории интихоботи президентии рӯзи 6-уми ноябр ибрози ризоят кард.

Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр, пас аз анҷоми раванди раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, аз ҷараёни интихобот ва иштироки мардум дар он розӣ ҳаст ва шикояте дар ин маврид ба онҳо нарасидааст.

Оқои Додоев ба пурсиш оид ба мавориди қонуншиканиҳо дар раванди раъйдиҳӣ гуфт, ки "ягон арзу шикоят ворид нашудааст. Ягон хел қонуншикании ҷиддӣ нашудааст."

Раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар мавриди наворҳое, ки бозгӯи тақаллуб ва конуншиканӣ, аз ҷумла раъй додани як кас ба ҷои чанд нафар, ҳастанд, гуфт, ки воқеан шикояте дар ин маврид шуда буд, аммо он исботи худро наёфт.

Оқои Додоев дар мавриди тартиби шумориши орои интихобкунандагон гуфт, ки баргаҳо дар участкаҳои интихоботӣ ҳисоб мешаванд ва онҳоро протокол намуда ба ҳавзаҳо меоранд. Ҳавзаҳо баъд аз тасдиқ ва имзои аъзо ҳамаи протоколҳои аз қитъаҳо воридшударо ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ месупоранд.

Додоев дар мавриди таҳрими интихобот аз сӯи аҳзоби мухолиф гуфт, ки назари ӯ роҷеъ ба тасмими онҳо манфӣ аст. Ба гуфтаи ин масъули Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, бойкот кардани интихобот аз сӯи аҳзоби мухолиф, ба раванди интихобот ҳеҷ таъсире манфӣ нарасонидааст.

Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ибтидо аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ кард, вале анҷумани ҳизбашро ба таъхир андохт ва номзад пешниҳод накард ва дар ниҳоят интихоботро таҳрим намуд.

Ба гуфтаи ин масъули Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, алорағми таҳрими интихобот аз сӯи аҳзоби мухолиф, 80 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG