Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 6 нафар бо 145 кило ҳероин дар Маскав


Мақомоти хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия мегӯянд, рӯзи 5 ноябр дар Маскав 145 кило ҳероин мусодира кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, арзиши ин миқдор ҳероин дар бозори сиёҳ 1,5 миллиард рубл, ё тақрибан 50 миллион долларро ташкил медиҳад. Бо иттиҳоми қочоқи чунин миқдори бузурги маводи мухаддир 6 нафар дастгир шудаанд. 3 боздоштшуда шаҳрвандони Қирғизистон ва сеи дигар шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон будаанд. Яке аз онҳо, ки шаҳрванди тоҷик будааст, дар шаҳраки Шёлково, дар канори Маскав дар як толори варзишӣ ба ҳайси мураббии гуштии дзю-до кор мекардааст, вале исми ӯ оварда нашудааст. Гуфта мешавад, ҳероини мусодирашуда сохти Афғонистон буда, аз тариқи Тоҷикистон ва сипас Қирғизистону Қазоқистон ба Русия интиқол дода шудааст.
XS
SM
MD
LG