Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зубайдов: Таваҷҷуҳи кувайтиҳо ба Тоҷикистон меафзояд


Вазъи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷкиистон, баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон, ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Кувайт, аз ҷумла, дар бахшҳои энерҷиву ҷаҳонгардӣ дар меҳвари гуфтугӯи сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо хабарнигорони кувайтӣ ва хориҷии муқими ин кишвар қарор дошт. Ба иттилои сафорат, дар ин нишасти хабарии рӯзи чаҳоршанбе, 6 ноябр, намояндагони беш аз 60 нашрияву оҷонсӣ ва ширкатҳои телевизионии кувайтиву ҷаҳонӣ хостори посух ба суолҳои худ шуданд.

Ба гуфтаи Зубайдулло Зубайдов, солҳои ахир таваҷҷуҳм мақомоти Кувайт ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва чандин ширкати бузурги ин кишвар барои сармоягузорӣ ба тарҳҳои муштарак изҳори омодагӣ карданд. Аз ҷумла, афзуд дипломати тоҷик, бунёди “Кувайт” барои чаҳор барнома – бунёди роҳи Шкев-Зиғар, бозсозии як истгоҳи гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, бунёди муассисаҳо барои обёрии дашти Данғара ва бунёди роҳи Шӯрообод-Роғун тақрибан 60 милион доллар ҷудо кардаст. Кишвари Кувайт ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон бузургтарин дар минтақа маркази тиббӣ бунёд намояд.

Зубайдулло Зубайдов баъд аз анҷоми нишасти хабарӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳ бо хабарнигорон гурӯҳи сармоядорони кувайтӣ ҳам ба сафорати Тоҷикистон омада буданд ва ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энержӣ, ҷаҳонгарӣ, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба гуфтаи сафир, онҳо аз тасмими Душанбе барои осон кардани рафтуомад, аз ҷумла, ҷори кардани низоми соддаи раводид бо Кувайт ва ифтитоҳи хатсайр миёни Тоҷикистону Кувайт истиқбол карданд.
XS
SM
MD
LG